Ҳавои ВМКБ 38 дараҷа сард мешавад: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳавойи тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар шарқи ВМКБ то 38 дараҷа сард шудани ҳаво пешгӯӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 14-19 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 24-29 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Вазиши шамол дар як сония ба 5-10 метр мерасад. Дамои ҳаво шабона аз 3 дараҷа зунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Дар вилояти Хатлон низ ҳаво тағйирёбанда шуда, меғ мефарояд. Шамол дар як сония бо шиддати 9 метр мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.