Парвозҳо аз Алмаато ба Душанбе мутаваққиф шуданд

Фурудгоҳи бузургтарин дар Қазоқистон то ба эътидол омадани вазъ дар ин кишвар баста мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Равобити ҳавоӣ миёни Атмаато ва Душанбе мутаваққиф шуд, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Манбаъ меафзояд, чунин чораҳо ба далели вазъи ноустувор дар Қазоқистон андешида шудаанд. Ҳоло маълум нест, ки парвозҳо кай аз сар гирифта мешаванд.
Ба гуфтаи намояндагони фурудгоҳи Душанбе, дар сурати ба эътидол омадани вазъ дар ҷумҳурии ҳамсоя парвоз ба Алмаато имконпазир хоҳад шуд.
"Тибқи маълумоти мо, фурудгоҳи Алмаато барои парвозҳои ҳавопаймоҳои шаҳрвандӣ то 11 январи соли 2022 баста аст", - гуфт манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки то ин дам парвозҳои миёни ин ду шаҳр ҳар ҳафта аз ҷониби ширкати "Сомон эйр" рӯзҳои чаҳоршанбе ва "Air Astana" рӯзҳои якшанбе анҷом мешуд.
Дар ҳамин ҳоли 9 январ ҳудуди 23 парвоз ба фурудгоҳи Алмаато лағв гардид. Ин парвозҳо аз Маскаву Петербург, Тошканд, Истанбул, Кувейт ва Дубай буданд.
Дар ошӯбҳои Қазоқистон 164 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохт
Фурудгоҳи шаҳри Алмаато зимни ошӯбҳои ахир мавриди ҳамла қарор гирифт. Ба гуфтаи Ерлан Тургумбоев, вазири умури дохилии Қазоқистон, дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ ҳудуди 800 ҷинояткор ба фурудгоҳи Алмаато ҳамла кардааст. Дар натиҷа 60 парвоз лағв шудааст.
Бинобар иттилои расонаҳои Қазоқистон феълан дар ин кишвар вазъият ором аст ва аксари корхонаҳо фаъол шудаанд.