Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мулоқоти Аҳмад Масъуд бо намояндаи толибонро рад кард

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон хабарҳо дар мавриди мулоқоти Аҳмад Масъуд бо сарпарасти Вазорати хориҷаи толибон Амирхон Муттақиро рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. "Афғонистон интернейшнл" дар такя ба ду манбаи муътабари худ дар Машҳад ва Теҳрон навиштааст, ки сарпарасти Вазорати хориҷаи Толибон Амирхон Муттақӣ бо Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Эрон дидор анҷом медиҳад.
Аммо Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонсттон ин хабарҳоро рад кард.
Аҳмадӣ дар як навиштаи фейсбукӣ гуфтааст, ки ҳеҷ мулоқоте дар назар нест ва дар ин бора баъдтар баёнияе содир хоҳанд кард.
Расонаи мазкур қаблан хабар дода буд, ки дар ин дидор волии пешини Ҳирот ва яке аз фармондеҳони маъруфи Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон Муҳаммад Исмоилхон ҳам иштирок мекунад.
Сафари Аҳмади Масъуд ба Эрон ва мулоқоти ӯ бо Оятуллоҳ Хоманаӣ
Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии толибон, рӯзи шанбе Амирхон Муттақӣ барои гуфтугӯ дар бораи масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ бо даъвати Вазорати хориҷаи Эрон вориди Теҳрон шудааст.
Аммо "Афғонистон интернейшнл" аз қавли як манбаи дигараш мегӯяд, ки ин сафар бо дархости Сипоҳи посдорон сурат гирифтааст.
Ин шабака менависад, ки ҳоло Аҳмад Масъуд дар шаҳри Машҳад қарор дошта, он ҷо барои дидори хонаводааш рафтааст.