Толибон устод Ҷалолро, ки онҳоро дар телевизион танқид кард, рабуданд - видео

Афроди мусаллаҳи толибон Файзуллоҳ Ҷалол, устоди донишгоҳро бо худ ба ҷойи номаълум бурданд
Sputnik
Хонаводаи вай гуфт, ки толибон устоди Донишгоҳи Кобулро, ки қаблан онҳоро мавриди интиқоди шадид қарор дода буд, ба самти номаълум бурданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ёдрас менамоем, дар моҳи ноябри соли гузашта оқои Ҷалол дар як барномаи телевизионии шабакаи “TOLOnews” иштироку суханронӣ кард. Дар ин барнома ӯ толибонро ба инҳисори қудрат ва саркӯби озодии баён муттаҳам намуд.
Ба гуфтаи хонаводаи оқои Ҷалол, рӯзи шанбе толибон ӯро аз хонааш ба макони номаълум бурданд.
Дар ҳамин ҳол духтари Файзуллоҳ Ҷалол менависад: “Ман Маҳсо Ҷалол ҳастам, хоҳиш мекунам, садоятонро баланд кунед, то падари ришсафеди ман осебе набинад, соате пеш ӯро бо беэҳтиромии зиёд аз мо бурданд, намедонам, куҷо бурданд ва намедонам, ҳоло падарам дар чӣ ҳол аст".