ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Дар роҳи Душанбе - Хуҷанд садамаи мудҳиш рух дод, ки дар натиҷаи он чаҳор кас ҳалок ва ду нафари дигар захмдор шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бино бар хабари Кумита, садама дар километри 254-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар даромадгоҳи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух додааст.
Хабар дар бораи садамаи нақлиётӣ ба корманди шӯъбаи ҳолатҳои фавқулода шоми 6 январ аз ҷониби шоҳидон расидааст.
Гуфта мешавад, ки мошини боркаши "Mercedes Atego" таҳти идораи марди 26-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Истаравшан ба шаҳри Хуҷанд идораро аз даст дода, ба мошини сабукрави тамғаи "Opel Zafira", ки таҳти идораи сокини 46-сола ноҳияи Деваштич будааст, бархӯрдааст.
Ронанда ва мусофири 58-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар дохили боркаши "Mercedes Atego" будаанду ронанда ва се мусофир - аъзои як хонавода дар худрави "Opel Zafira" будаанд.
"Бар асари садама ронанда ва се мусофири мошини "Opel Zafira" дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва мусофири "Mercedes Atego" ҷароҳат бардоштаанд", - омадааст дар хабарнома.
Навбатдори наҷотдиҳандагони Бахши вокуниш ба ҳолатҳои изтирории КҲФ дар вилояти Суғд бо таҷҳизоти махсус ва воситаҳои техникӣ ба ҷои ҳодиса рафта, бо истифода аз асбобҳои вижа, фавтидагонро аз мошини харобшуда берун оварданд.
Ронанда ва мусофири мошини тамғаи "Mercedes Atego" ба бемористони ноҳияи Спитамен интиқол ёфтанд.
Манбаъ афзуда, ки кормандони БДА-и ВКД ҷузъиёти ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин росто, ба ронандагон муроҷиат карда, даъват мекунад, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, хусусиятҳои роҳи зимистониро ба назар гиранд, ҳаёти худ ва атрофиёнро дар хатар нагузоранд.