Роҳи Рӯшон-Бартанг муваққатан баста шуд: сабаб

Бориши борон ва барф ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Рӯшон-Бартангро мушкил кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Бориши барф ва обшавии тарма дар деҳаи Савноб боиси баста шудани роҳи Рӯшон-Бартанг гардид, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Тибқи гузориши Кумита, 6 январ, дар километри 92-юми шоҳроҳи Рӯшон-Бартанг, ки аз деҳаи Савноби ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони ВМКБ мегузарад, бориши барф ва тарма боиси баста шудани роҳ гардид.
Барои рафъи оқибатҳои резиши тарма дар ин минтақа кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт бо ҷалби техникаи махсус ҷалб шудаанд.
"Дар ҳоли ҳозир корҳои тоза кардани роҳ идома дошта, роҳ муваққатан баста шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоад мегӯяд, хатари резиши тарма ва сангрезӣ дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Тармаи азим роҳи Душанбе - Хуҷандро баст: 25 мошин дар банди тарма монд
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки эҳтиёткор бошанд ва ҳушёриро аз даст надиҳанд!