Сӯхтор, харобиҳо ва посбонии низомиён: оқибати эътирозҳо дар Қазоқистон - акс

Дар авоили соли 2022 болоравии нархи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ боиси гирдиҳамоиҳо гардид, ки ба ошӯб ва погром, бо ғорат ва ҳамла ба ниҳодҳои давлатӣ печид.
Sputnik
1 / 19

Бинои маъмурӣ дар маркази Алмаато дар ҷараёни тазоҳуроти оммавӣ ба коми оташ рафт.

2 / 19

Шоҳиди ҳол як мошини сӯхтаро дар рӯбарӯи шаҳрдорӣ аксбардорӣ мекунад - пас аз нооромиҳо, бар асари боло рафтани қимати маводи сӯхт дар Алмаато.

3 / 19

Дар робита ба тазоҳуроти оммавӣ аз болоравии нархи гази моеъ дар кӯчаҳои Нурсултон маъмурони интизомӣ навбатдорӣ мекунанд.

4 / 19

Пулис аз тарси ҳамлаи эътирозгарон қароргоҳи раиси ҷумҳури Қазоқистонро дар Нурсултон ҳифз мекунад.

5 / 19

Навбат дар назди банкомат, ки бар асари эътироз ба болоравии нархи сӯзишворӣ ба вуҷуд омадааст.

6 / 19

Мошинҳои сӯхта, дар таваққуфгоҳ дар маркази шаҳри Алмаато дар пайи бетартибиҳо.

7 / 19

Як дучархасавор дар пайи тазоҳурот аз назди қароргоҳи раисиҷумҳури Алмаато мегузарад.

8 / 19

Эътирозҳо дар Қазоқистон боиси навбатпоӣ дар назди банкоматҳо шуданд - мардум талош доранд пули нақд бигиранд.

9 / 19

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев низомиён навбатдорӣ мекунанд.

10 / 19

Мошини сӯхта дар майдони назди бинои маъмурӣ дар маркази Алмаато.

11 / 19

Навбат дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев дар Нурсултон.

12 / 19

Як шаҳрванди Қазоқистон пас аз эътирозҳо дар Алмаато аз назди тирезаҳои шикастаи як мағозаи ғайриозуқа мегузарад.

13 / 19

Тазоҳурот дар Қазоқистон боиси навбатпоӣ дар назди банкоматҳо ва воҳима дар миёни сокинони маҳаллӣ шуд.

14 / 19

Ҳарбиён дар кӯчаҳои Нурсултон посбонӣ мекунанд, то нооромиҳои навро пешгирӣ кунанд.

15 / 19

Мошини сӯхтаи пулис дар маркази Алмаато - оқибатҳои бетартибиҳои оммавӣ.

16 / 19

Кормандони пулис ва низомиён дар яке аз кӯчаи Нурсултон навбатдорӣ мекунанд.

17 / 19

Мағозаи ғоратшуда дар маркази Алмаато.

18 / 19

Парчами миллии Қазоқистон дар пасманзари тирезаи шикастаи филиали бонки маҳаллӣ ба нишони эътироз.

19 / 19

Мошин дар яке аз ҷодаҳои Алмаато пас аз гирдиҳамоӣ ба коми оташ рафт.

Дар саросари Қазоқистон низоми амалиёти зиддитеррористӣ ба кор шурӯъ кардааст.
Вобаста ба вазъияти ба амаломада сарони аввали мақомоти давлатӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар ва рафъи хатари террористӣ саъй доранд - барои ин аллакай чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Қазоқистон панҷ гузаргоҳи марзӣ бо Қирғизистонро бас
Бо ҷорӣ шудани дараҷаи сурхи хатари террористӣ, хадамоти махсус ҳақ доранд кофтукови шахсӣ, азназаргузаронии ашё ва воситаҳои нақлиёт, инчунин ҳаракати онҳоро маҳдуд ё манъ кунанд, қайд мекунад хабаргузории Tengrinews-и Қазоқистон.
Илова бар ин, ба кормандони истихборотӣ иҷозат дода мешавад, ки бидуни мамониат ба ҳама гуна биноҳо, аз ҷумла ба манзилҳои истиқоматӣ дастрасӣ пайдо кунанд.
Ҳамчунин, ба феҳристи тадбирҳои рафъ кардани таҳдиди терроризм назорати гуфтушунидҳо ва дигар иттилооте, ки тавассути каналҳои низоми алоқа интиқол дода мешаванд, дохил карда шудаанд.
Илова бар ин, сафарбаркунии пурра ва омодагии ҷангии тамоми ҳайати шахсии хадамоти махсус ва пурзӯр намудани чораҳои амниятӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз аввали соли 2022 идома доранд. Ба ин тазоҳурот ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ сабаб шуд, ки хашми шаҳрвандони кишварро барангехт.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нархҳо эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар доман паҳн кард. Аз ҷумла, дар Алмаато рӯзҳои 4 ва 5 январ миёни сокинон ва маъмурони амниятӣ задухӯрди шадид рух дод.