Фармони Раҳмон бораи таҷлили 35 - солагии Истиқлол ва супориши муҳлатнок ба ҳукумат

Барои таҷлили 35 - солагии Истиқлол президенти Тоҷикистон ба ҳукумат супориши муҳлатнок додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Президенти Тоҷикистон барои таҷлили 35 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон фармони вижа ба тасвиб расонд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисиҷумҳур.
Дар фармони мазкур омадааст, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2026 баргузор карда мешавад.
Дар ин росто ҳукумат аз кишвардор супориши муҳлатнок гирифт.
"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати шаш моҳ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд", - омадааст дар фармон.
Мақсад аз тавсиби ин фрамон, таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа гуфта мешавад.
Тоҷикистон истиқлоли давлатиро 9 сентябри соли 1991 ба даст овардааст.
Имсол кишвар 30 - солагии истиқлолро бошукуҳ таҷлил кард. Ба муносибати ин ҷашн дар саросари кишвар иншооти ҷашнӣ бунёд шуд ва таҷлили ин сана бо барномаи бошукуҳи фарҳангӣ поён ёфт.