Яхоб лозим: Олими тоҷик гуфт, чӣ гуна метавон ҳосилнокии боғҳоро то 100% зиёд кард

Доктори илмҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон тадбири зимистониеро ном бурд, ки метавонад ҳосилнокии боғҳоро аз 60 то 100 дарсад зиёд намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Ҳикматулло Назиров, доктори илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, тадбири муҳими зимистонӣ ин яхобмонӣ мебошад.
Яхобмонӣ барои захираи намӣ, нобуд кардани зараррасонҳою касалиҳо, боло бурдани ҳосилхезии замин ва рӯёндани меваҳои лазиз замина мегузорад, изҳор доштаст Назиров дар суҳбат бо "Ховар".
Ӯ муҳим хондааст, ки яхоб пас аз рехтани барги дарахтон моҳҳои декабр - феврал 2 бор монда шавад.
Буҳрони картошка намешавад? Гузориши Вазорат кишоварзӣ дар бораи аз ҳосил
Назиров муътақид аст, ки дар натиҷаи яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ ҳосилнокии боғҳои себ то 70 - 100%, олу 50 - 60%, олуболу 60 - 80% ва зардолу то 90 - 100% зиёд мегардад. Вай инчунин зикр намуд, ки сол то сол ҳарорат баланд гардида, аз таъсири он дарахтон, аз ҷумла бодому зардолу барвақт гул мекунанд, ки ин зарари калон дорад.

"Агар кишоварзон обмонии захиравӣ ва яхобмониро сари вақт гузаронанд, дарахтон дар зимистон карахт шуда, дертар ба нашъунамо сар мекунанд", - таъкид намудаст олими кишоварзӣ.

Ҳикматулло Назиров махсусан ду бор мондани яхобро дар навоҳии нисбатан гарм муҳим хонда, аз ҷумла ноҳияҳои Шаҳритӯс, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Қубодиён, Носири Хусрав, Панҷ, Ҷайҳун ва Дӯстиро ном бурдаст.