Бонки миллӣ коргар меҷӯяд: донистани 3 забон ҳатмист

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар ин ниҳод озмун эълон кардааст, ки барои довталабони бархе аз мақомҳо донистани се забон ҳатмӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Довталабони кор дар Бонки миллӣ, баробари доштани маълумоти олию собиқаи корӣ дар ин соҳа, бояд ҳатман забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро донанд. Барои хоҳишмандони кор дар бархе аз вазифаҳо, танҳо донистани забони давлатию русӣ ҳатмист.
Тибқи иттилои БМТ, аз ҷумла мақоми муовини шуъбаи минтақавии ин бонк дар шаҳри Хоруғ феълан холист. Аз довталаб доштани таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ ва собиқаи кории на кам аз 5 сол дар соҳа талаб карда мешавад. Таъкид шудааст, ки барои кор дар ин мақом донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ буда, донистани забони англисӣ афзалият дониста мешавад.
"Писарам, чаро нахондӣ?" Раҳмон гуфт, киҳо баъди 10 сол вазиру вакил мешаванд
Ба иттилои Бонки миллӣ, барои довталаботи мақоми мутахассиси дараҷаи 2 ва мутахассиси шуъбаи таҳлил ва тадқиқот, донистани тоҷикӣ, русӣ ва англистӣ ҳатмист.
Таъкид шудааст, ки мутахассиси дараҷаи 2-и шуъбаи коркарди иттилоот ва мутахассиси ин бахш бояд дар баробари маълумоти олии техникӣ инчунин ҳатман забони давлатӣ ва русиро донанд.
Дар рӯйхати ҷойҳои кории холӣ инчунин мутахассиси дараҷаи 2 ва мутахассиси шуъбаи бозрасӣ низ қайд шудаанд, ки хоҳишмандони кор дар ин вазифаҳо бояд маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ дошта бошанду ҳатман забони давлатӣ, русӣ ва англисиро донанд.
Супориши Раҳмон ба Мирзонабот: Ҷавонони ВМКБ-ро бо кор таъмин кунед
Мақоми мутахассиси маркази омӯзишӣ-методӣ низ интизори хоҳишмандони кор мебошад, ки бояд маълумоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ё педогогӣ дошта бошанду дар баробари таҷрибаи кор бо технологияи компютерию таълимӣ, инчунин се забонро ҳатман донанд.
Ба иттилои БМТ, довталабон бояд ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла тарҷумаи ҳол, расм, нусхаи шиноснома, нусхаи диплом, маълумотномаҳои тиббию надоштани доғи судӣ, нусхаҳои билети ҳарбӣ ва гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупорандаро ба идораи кормандон дар хиёбони Рӯдакӣ 38/1 то санаи 17-уми январ ирсол намоянд.