Сӯхтор дар ноҳияи Айнӣ: Ошхона ва нуқтаи савдо даргирифт

Сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ арзёбӣ мешавад ва ҳоло дақиқан ҳаҷми хисороти расида маълум нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ боз сӯхтор сар зад. Ин аллакай чорум оташсӯзӣ аз Соли нав ба ин сӯ мебошад.
Хабари сӯхтор дар ноҳияи мазкурро сардори Хадамоти оташнишонии ноҳияи Айнӣ, Аминзода Бобоҷон ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард ва изҳор дошт, ки ҳодисаи нохуш субҳи барвақти рӯзи 4 январ дар деҳаи Сарводаи ноҳияи мазкур сурат гирифт.
Ба гуфтаи ӯ, сӯхтор дар як ошхонаи марбут ба хонаводаи Насимовҳо, ки сокинони ин ноҳия ҳастанд, сар зад ва ҳамчунин нуқтаи савдо, ки дар бари ошхона ҷойгир буд, фаро гирифт.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки бар асари сӯхтор боми ошхона пурра сӯхта нобуд шуд.

"Барои хомӯш намудани алангаи оташ ду мошини обпош аз ноҳияи Айнӣ ҳозир шуданд ва дар муддати як соат сӯхторро пурра хомӯш намуданд", - афзуд Аминзода.

Ин масъули идораи оташнишонӣ гуфт, сабаби рух додани сӯхтор расиши ноқилҳои барқӣ аст ва ҳоло хисороти умумӣ аз ҳодисаи ба амаломада ҳисоб нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки сар аз соли 2022 ин аллакай чорумин сӯхтор аст, ки дар вилояти Суғд рух додааст. Қаблан дар ду манзили сокинони ин вилоят ва ҳамчунин як қаҳвахона сӯхтор сар зада буд.
Сӯхтори қаҳвахонаи "Насими Баҳор" дар Хуҷанд - акс
Дар қаҳвахонаи "Насими Баҳор", алангаи оташ дар масоҳати 160 метр мураббаъ доман паҳн кард, вале бо заҳмати сӯхторнишонони ҳам шаҳрӣ ва ҳам вилоятӣ он дар муддати 40 дақиқа хомӯш гардид.
Дар ҳар чор ҳолати оташсӯзӣ ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.