Беш аз 12 ҳазор доллар гирифтанду ба донишгоҳ дохил накарданд: қаллобии ҷавонони Душанбе

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз се ҳолати бузурги қаллобӣ хабар медиҳад, ки аз ҷониби ду ҷавон анҷом дода шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Қаллобон беш аз 12 ҳазор доллари мардумро аз худ карданду ба ваъдаашон барои дохил кардан ба донишгоҳ вафо накардаанд.
Бино ба гузориши ВКД, дар ҳолати якум, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 33-солаи сокини ноҳияи Файзобод муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки моҳи июни соли 2021, ҳангоми дар назди бинои маркази савдои "Саодат"-и пойтахт қарор доштанаш, зану марди 31-солаи сокинони пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифтаанд.
Онҳо ваъда додаанд, ки духтарашро ба донишгоҳ дохил мекунанд, аммо номбурдагон маблағи пулиро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Боздошти корманди ҳукумати Мастчоҳ бо иттиҳоми қаллобӣ: ваъдаи кумак бар ивази пул
Ҳамзамон худи онҳо бо ҳамин роҳ моҳи июни соли 2021, дар назди бинои маркази савдои "Саодат" ба боварии ҷавони 20-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 6 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифтаанд.
Ва бу ӯ низ, ваъда додаанд, ки ӯро ба донишгоҳ дохил мекунанд, аммо ба ваъдаашон вафо накардаанд.
Қаллобии як оила дар Душанбе: Пул гирифтанду хона надоданд
Ҳамчунин, номбурдагон боз бо ҳамин роҳ моҳи июни соли 2021 дар назди бинои маркази савдои "Саодат" ба боварии марди 51-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 3 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаанд.
Онҳо ба ин мард ваъда додаанд, ки духтарашро ба донишгоҳ дохил мекунанд, аммо маблағи пулиро ба манфиати шахсиашон сарф намуда, ӯро фиреб додаанд.
Манбаъ афзуда, ки вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.