Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Хоруғ - Ишкошим барқарор шуд, вале хатар ҳаст

Роҳи Хоруғ - Ишкошим барои ҳаракати нақлиёт дубора барқарор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тармае, ки дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими ВМКБ фаромада, дар километри 51-53-юми шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошимро муваққатан баста буд, тоза карда шуд, хабар медиҳад КҲФ.
"Барои рафъи оқибатҳои фаромадани тарма аз ҷониби Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо карда шуда, роҳ тоза карда шуд. Ҳаракат барқарор карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Вале, дар баробари ин КҲФ аз таҳдиди хатари фаромадани тарма дар ВМКБ ва дигар манотиқи кишвар ҳушдор медиҳад.
Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказӣ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ғарби ВМКБ бар асари боришот, хавфи фаромадани тарма, сангрезӣ ва сел, зиёд аст.
Ҳамчунин дар ағбаҳо ва манотиқи кӯҳсор яхбандй дар назар аст. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо эҳтимоли фаромадани меғ вуҷуд дорад.
IRS: Масири Душанбе - Чаноқ боз аст, вале барои баъзе нақлиёт маҳдудият ҷорист
Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарзо, аз ҷамъоварии ҳезум дар доманакӯҳҳо ва кӯҳистонҳо, чаронидани чорво ва шикор худдорӣ намоянд.
Ба ронандагон ҳангоми ба нақша гирифтани сафар тавсия карда мешавад, ки аз ҳолати роҳҳо хабардор шаванд, ҳангоми ҳаракат дар навоҳии кӯҳӣ фосилаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кардан лозим аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда бо рақамҳои 112 ё 93 880 28 19 занг зананд.