Бархӯрди Ҷабҳаи муқовимат бо толибон дар вилояти Тахор

Бархӯрди миёни толибҳо ва Ҷабҳаи муқовимат куштаю захмӣ бар ҷой гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва толибҳо таниш рух додааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Гуфта мешавад, ин бархӯрд дар вилояти Тахор сурат гирифтааст.
Тибқи гузориши 8am.af, бархӯрд дар ҳоле рух додааст, ки толибон дар ноҳияи Ишкошим барои дастгир кардани командир Аскар, ки пештар ба қувваҳои маҳаллии зидди толибон роҳбарӣ мекард, омадаанд, вале ба онҳо муяссар нашудааст.
Дар натиҷаи тирпарронӣ як сарбози Ҷабҳа кушта шудаасту аз ҷониби толибон низ як кушта ва як захмӣ будааст.
Қаблан сокинони минтақаи Калафғон хабар дода буданд, ки толибон дар хонаҳои онҳо кофтуковҳои шадид анҷом дода, раҳбарони маҳаллиро шикор мекунанд.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Ҷангҳои Тандурак: Самангон ҷабҳаи нав алайҳи толибон шуд
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷй буд, эълон карда шуд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.