ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар баёнияе гуфтааст, ки шумори кӯдакони кушташуда дар Афғонистон 27 дарсади фавти кӯдакони ҷаҳонро ташкил медиҳад.
ЮНИСЕФ соли 2022-ро соли мушкили иқтисодӣ барои кӯдакон дар Афғонистон пешгӯӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз хонаводаҳо дар вилоятҳои Ҳироту Бодғис маҷбур шудаанд, фарзандони худро бифурӯшанд.
Азиза Гул бо шавҳару фарзандонаш дар як хонаи вайрона дар Ҳирот зиндагӣ мекунад. Падари ин хонавода Ганди Гул кӯдаки 10-солаашро ба марде фурӯхт, то пули ғизои дигар фарзандонашро пардохт кунад.
"Дар хона на ғизо доштему на чизе. Шавҳарам дод зад, ки ғизо биёварам, ки кӯдакон аз гуруснагӣ мемиранд, аммо наовардам", - мегӯяд модари кудаки фурӯхташуда дар суҳбат бо телевизиони Tolo News.
Фурӯши кӯдакон ё издивоҷи онҳо дар синни барвақт мояи нигаронии ҷиддии созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи кӯдак шудааст.
"Вазъият дар ин кишвар бадтар мешавад, бахусус кӯдакон азият мекашанд. Имрӯз ман аз дидани он, ки оилаҳо омодаанд фарзандони худро бифурӯшанд, то аъзои дигари оиларо хӯронанд, дилам месӯзад", - гуфт Асунта Чарлз, мудири кулли Созмони мададрасони "Worldview".
Ӯ ин ҳолатро мояи таассуф ва нигаронӣ хонда, аз ҷаҳониён хост, ҳоло вақти он расидааст, ки ҷомеаи башардӯстона ба по хеставу дар канори мардуми Афғонистон биистад".
Дар ҳамин ҳол ЮНИСЕФ вазъи Афғонистонро барои кӯдакон вахим арзёбӣ мекунад.
Ба иттилои ин ниҳод, аз соли 2005 то кунун дар Афғонистон 28 ҳазору 500 кӯдак дар даргириҳои мусаллаҳона, хушунат ва ноамнӣ куштаву захмӣ шудаанд. Ин рақам 27 дарсади фавти кӯдакони ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Дар Афғонистон теъдоди зиёди кӯдакони низ маъюб низ ҳастанд.
Ба гуфтаи ЮНИСЕФ, бо гузашти рӯз фақр ва мушкилоти иқтисодӣ дар Афғонистон афзоиш ёфта, кӯдакони бештаре бо камбуди ғизо рӯбарӯ мешаванд. Ин созмон пешбинӣ мекунад, ки то поёни соли 2022 дар Афғонистон 3,2 миллион кӯдаки зери 5-сола ба таври ҷиддӣ мушкили камғизоӣ хоҳанд дошт.