ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи мусиқии попи тоҷик дар арафаи Соли нав кори ҷадидашро ба ҳаводоронаш пешкаш кард.
Ӯ як таронаро бо ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ пешкаши мухлисон гардонидааст, ки шунавандагонаш ҳам аз ин шеваи кори овозхон истиқбол кардаанд.
Ҳарду таронаи ҷадиди овозхони шинохта дар саҳифаи Qiam Entertainment дар Ютуб, шоми якуми январ пешкаши мухлисон гардонидааст.
Тарона бо забони тоҷикиӣ таҳти унвони "Дӯст надорӣ" ва бо ӯзбекӣ "Севмасинг айт" нашр гаштаас.
Нигина Амонқулова дар сафҳаи Instagram-аш навиштааст, бори аввал аст, ки бо забони ӯзбекӣ тарона месарояд
Ҳаводорони ӯзбекзабони ҳунарманд аз ин иҷро гарм истиқбол карда, навиштаанд, ки тарона бидуни лаҳҷа ва форам сароида шудааст ва таъкид кардаанд, ки пас аз ин доираи ҳаводорони ӯ дар Ӯзбекистон боз ҳам бештар хоҳад шуд.
Пас аз нашр ин сурудро беш аз 30 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 2,5 ҳазор корбар писандидаву наздик ба 500 шарҳ гузоштаанд.
Матни таронаро Орзу Исоев навишта, оҳангашро Шаҳбоз омода кардааст, ки шунавандагон хуш пазируфтаанд.
Нигина Амонқулова аз пуркортарин овозхонҳои мусиқии попи тоҷик ва дорои сабку услуби хоса аст, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳаводорони зиёд дорад.