Сӯхтори қаҳвахонаи "Насими Баҳор" дар Хуҷанд - акс

Сӯхторнишонҳо тавонистаанд молу амвол наздик ба 15 миллион сомониро аз сӯхтан наҷот диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 янв - Sputnik. Дар қаҳвахонаи маруфи "Насими Баҳор" дар Хуҷанд, ки дар кӯчаи Рифъат Хоҷаев ҷойгир аст, сӯхтор сар зад
Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки дар ҷойи ҳодиса қарор дорад, сӯхтор тақрибан соати 11:00 сар задааст.
Фирдавс Бобоҷонов, нозири Раёсати сӯхторнишонии Суғд гуфт, алангаи оташ дар масоҳати 160 метри мураббаъ доман паҳн карда, аз ҷониби оташнишонҳо сари вақт хомӯш карда шудааст.
"Бо сар задани ҳодиса мошинҳои сӯхторнишонии ҳам шаҳрӣ ва ҳам вилоятӣ саривақт ҳозир шуда, давоми 40 дақиқа тавонистанд алангарон хомӯш кунанд", - афзуд Бобоҷоноҷ
1 / 6
Сӯхтори қаҳвахонаи "Насими Баҳор" дар Хуҷанд
2 / 6
Сӯхтори қаҳвахонаи "Насими Баҳор" дар Хуҷанд
3 / 6
Сӯхтори қаҳвахонаи "Насими Баҳор" дар Хуҷанд
4 / 6
Сӯхтори қаҳвахонаи "Насими Баҳор" дар Хуҷанд
5 / 6
Сӯхтори қаҳвахонаи "Насими Баҳор" дар Хуҷанд - акс
6 / 6
Сӯхтори қаҳвахонаи маруфи "Насими Баҳор" дар Хуҷанд
Ба иттилои манбаъ, сухтор аз ҳисоби нодуруст истифода кардани дудбарои макони сихкабобпазӣ сар задааст
Дар вақти сӯхтор чанд мизоҷ дар толорҳои “Насими Баҳор” қарор доштанд, ки сари вақт ба ҷойи амн кӯчонида шудаанд ва хушбахтона ба касе аз онҳо ва ҳам кормандони қаҳвахона зарар таҳдид накардааст.
"Айни ҳол хисороти расида ҳисоб карда мешавад. Хушбахтона дар пайи ин ҳодиса ба кормандон ва мизоҷони қаҳвахона зараре нарасидааст", - афзуд Бобоҷонов.
Сӯхтори азим дар анбори пахтаи “Музаффар компания” дар ноҳияи Мастчоҳ
Қаҳвахонаи “Насими Баҳор” ба соҳибкор Насимҷон Миршаробов таалуқ дошта, яке аз машҳуртарин қаҳвахонаҳои Хуҷанд ба шумор меравад.
Ҳоло мақомоти сӯхторнишонӣ хисороти расида аз сӯхторро таҳқиқ мекунанд.
Дар соли нави 2022 ин аввалин ҳодисаи оташсӯзӣ дар Хуҷанд, маркази маъмурии Суғд гуфта мешавад.