IRS: Масири Душанбе - Чаноқ боз аст, вале барои баъзе нақлиёт маҳдудият ҷорист

Ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ аз худравҳои роҳгузар дар масири Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз вазъи феълии ин роҳ иттилоъ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Роҳи Душанбе - Чаноқ феълан боз аст, хабар медиҳад ширкати IRS дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ин ширкат дар идома навиштааст, ки барои рафъи мавонеъ дар ин масир дар роҳи бархе аз васоили нақлия маҳдудият ҷорӣ шудааст.
"Ҳаракат барои мошинҳои "Фура" ва ҳамчунин нақлиёти ядакдор манъ карда шудааст", - омадааст дар хабари ширкати IRS.
Ёдовар мешавем, ки бегоҳи 1-уми январ Бинобар бениҳоят шадид будани бориши барф, бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан боздошта шуд.
IRS ба маълумоти онҳое, ки азми сафар аз тариқи ин роҳро доштанд, расондааст, ба ҳолати техникии автомобилҳояшон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
IRS ҳаққи истифода аз масири Душанбе - Чаноқро гарон кард ва сабабашро гуфт
Ширкат аз ронандагон дархост кардааст, бо нақлиёте, ки тири пешбар (передок) надоранд, ба роҳ набароянд. Зеро дар баробари он ки худашон ба мушкил мувоҷеҳ мегарданд, ба гузориши дигар автомобилҳо монеа эҷод менамоянд.
Маҳдудиятҳо дар ҳолест, ки ҳавошиносони кишвар давоми чанд рӯзи оянда дар кишвар ва махсусан дар баландкуҳҳо боридани барфи шадид ва сардиҳоро пешгӯӣ карданд.
Ширкати IRS ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон машғул мебошад ва ахиран эълон кард, ҳаққи истифода аз масири Душанбе - Чаноқро боло мебарад. Далели болоравии нарх афзоиши арзиши молу маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла маҳсулоти нафтию техника ва беқурбшавии пули сомонӣ тайи солҳои охир арзёбӣ гардидааст.