ДУШАНБЕ, 2 январь — Sputnik. Тести коронавируси ҳамлагари бошгоҳи "Пари Сен-Жермен" Лионел Месси дмусбат баромадааст. Дар ин бора сомонаи расмии даста хабар додааст.
Бошгоҳи парижӣ гуфтааст, ки ҳамлагари 34-сола дар ҳоло дар худҷудоӣ қарор дорад. Ҷузъиёти бештари саломатии ӯ ифшо нашудааст.
Миёни футболбозони даста мавҷудияти COVID-19 дар се нафари дигар, аз ҷумла Хуан Бернат, Серхио Рико ва Натан Битюмазала тасдиқ тасдиқ шудааст.
Месси мавсими аввалини худро дар бошгоҳи фаронсавӣ мегузаронад, ки дар он 16 бозӣ анҷом дода, 6 маротиба ба дарвозаи рақибон зарба зада, 4 маротиба партоби головар доштааст.
Ба тими ПСЖ, бозигари аргентинӣ ба Барселонаи каталонӣ гузашт, ки дар он 4 маротиба ғолиби Лигаи Чемпионҳо ва 10 маротиба қаҳрамони Испания гардид.
Соли 2021 Месси барандаи ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" ва беҳтарин бозигари сол шинохта шуд.
Ин ҷоиза барои аргентинӣ 7-умин ва рекордӣ гардид.
Ёдовар мешавем, як рӯз қабл расонаҳои англисӣ ба коронавирус гирифтор шудани сармураббии бошгоҳи "Ливерпул" хабар дода буданд.
Ҳамакнун Клоп наметавонад дар бозии муҳими тимаш, ки шоми якшанбеи 2 январ бо тими "Челси" доир мешавад, ширкат кунад.