Эзидёр: Фаҳими Даштӣ тирборон ва дар қабри дастаҷамъӣ дафн шуд

Муовини собиқи раиси Сенати Афғонистон бо як хабарнигори эронӣ дар бораи чигуна кушта шудани Фаҳим Даштӣ ва генерал Вадуд сӯҳбат кардааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 янв – Sputnik. Муҳаммадаълами Эзидёр, собиқ сенатори Маҷлиси санои Афғонистон ба Муҳаммадҳусейн Ҷаъфариён дар бораи чӣ гуна кушта шудани Фаҳими Даштӣ аз дасти толибон дар миёни Даштак ва Оноба нақл кард.
Ба гуфтаи оқои Эзидёр, дар мошини ҳомили оқои Даштӣ, генерал Вадуд Зареҳ масъули умури молӣ ва маъмурии ин ҷабҳа ва ду муҳофизи онҳо буд.
Вакили собиқи Сенат гуфт, ки онҳо пас аз кушта шуданашон аз ҷониби толибон дар як қабри дастаҷамъӣ ба хок супурда шуданд.
"Дар масири Даштак-Тавох мошини ҳомили Фаҳим Даштӣ ва ҳамроҳонаш бо толибон рӯбарӯ мешавад ва ҷангҷӯён худрави онҳо боздошта, дар ҳамон макон тирборон мекунанд".
Ёдовар мешавем, дақиқ набуд, ки Даштиро кӣ ва чигуна куштааст. Дар куштори ӯ ду фарзия гуфта мешуд.
Қаблан манобеъ се фарзияи кушта шудани Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхон, ду чеҳраи боризи Ҷабҳаи муқовиматро пеш оварда буданд. Яке ин, ки онҳоро асирони толиб инфиҷор дода буданд, дуввум, мошини онҳо ҳадафи тӯпи “Толибон*” шудааст ва сеюм, онҳоро тайёраҳои бесарнишини артиши Покистон аз байн бурдаанд.
Фаҳими Даштӣ ва ҷияни Аҳмадшоҳи Масъудро кӣ кушт: “Толибон” ё бесарнишинҳои Покистон?
Аммо як рӯз пас аз қатли ӯ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон*” ба расонаҳо гуфт, ки Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхон дар пайи як мушоҷира миёни худи панҷшериҳо – фармондеҳон Гулҳайдархон ва Ҷуръат кушта шудаанд ва “Толибон*” дар ин кор даст надоранд.
Фаҳими Даштӣ аз рӯзноманигорон ва ҷонибдорони вафодори шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд (қаҳрамони миллии Афғонистон) ва муқовимати аввал буд.
Дар аввалин рӯзҳои ташкили муқовимати дуввум ӯ дар канони Аҳмад Масъуд буд ва вазифа сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро ба зима дошт ва фаъолиятҳои онро расонаӣ мекард.