ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Тибқи пешгӯии як коршиноси аврупоӣ, пандемияи коронавирус метавонад дар соли 2022 қатъ шавад.
Демосфен Сарияннис, профессори Донишгоҳи Аристотел дар Салоники Юнон гуфтааст, ки штамми омикрон охирин мутатсияи коронавирус хоҳад буд.
Эҳтимол меравад, ки мавҷи сироятҳо то 20 феврал қатъ шавад, гуфт коршинос дар муколама бо сайти хабарии Newsbeast.
Дар тахминҳои худ, олим ба модели математикӣ барои рушди мавҷи навбатии "паст"-и пандемия дар Юнон такя кардааст.
Ба гуфтаи Сариённис, тамоюли болоравӣ то 20-22 январ идома карда, сатҳи миёнаи ҳафтаина ба 66 ҳазор сироят хоҳад расид.
"Ҳамин тавр, рӯзи 20 феврал, баъди як моҳ пас аз авҷи мавҷи омикрон, коҳиши он аллакай хотима меёбад. Дар ин вақт шумораи миёнаи ҳарҳафтаинаи сироятҳо 3500 - 4000 ҳолатро ташкил медиҳад. Он гоҳ мо охири омикронро хоҳем дид ва қисми зиёди ҷомеаи мо масуният хоҳанд дошт", - гуфт Сарияннис.
Олим афзуд, ки ҳатто агар навъи омикрон охирини COVID-19 бошад ҳам, набояд ба он бетаваҷҷуҳона рафтор кард.
Ёдовар мешавем, қаблан Анатолий Алтштейн, вирусолог, доктори илмҳои тиб, академики Академияи илмҳои таби Русия гуфта буд, ки коронавирус геноми хеле ноустувор дорад ва ин ба он маъност, ки пандемия ба зудӣ хотима меёбад.
Ӯ гуфт, ноустуворӣ аз пайдоиши штамми навбатии омикрон шаҳодат медиҳад.