Олим: шакар пиршавиро метезонад

Як донишманди бритониёӣ ҳушдор додааст, ки истеъмоли аз ҳад зиёди шакар метавонад пиршавиро суръат бахшад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 янв— Sputnik. Профессор Дэвид Ганн, хулосаи суръатбахшии истеъмоли зиёди шакар ба пириро дар пайи як таҳқиқи баровардааст
Олим чеҳраи 600 нафарро омӯхта, сатҳи қанди хуни онҳоро чен кард ва ширкаткунандагонро ба чаҳор гурӯҳ тақсим кард.
Одамоне, ки сатҳи қанди камтар доранд, пӯсти ҷавонтар доранд ва баръакс.
Гуфта мешавад, ки шакар ба рагҳои хун осеб мерасонад. Аммо таъсири ин маҳсулот ба бадан дар ин ҷо хотима намеёбад.
"Истеҳсоли радикалҳои озод "гунаҳкори асосии" пиршавӣ аст. Бе дахолати антиоксидантҳо, ҳуҷайраҳо ба миқдори зиёд мемиранд", - омадааст дар гузориши таҳқиқи олим.
Дар натиҷа, пӯст хушк мешавад ва чину чурукҳо зоҳир мешаванд, ки ҳеҷ гуна маҳсулоти нигоҳубин бо онҳо мубориза бурда наметавонад. Бо гузашти вақт, пӯст нармӣ ва чандирии худро гум мекунад ва чинҳо амиқтар мешаванд.
10 ғизое, ки пиршавии организмро суст мекунад
Дар ҳамин ҳол таъкид шудааст, ки аз шакар комилан даст кашидан ғайриимкон аст, танҳо истеъмоли баъзе маҳсулотро кам кардан лозим аст ва набояд меваю биринҷеро, ки дар таркибаш қанди табиӣ доранд, аз парҳез хориҷ кард.
"То ҳадди имкон кока-кола, яхмос, макарон ва дигар маҳсулоти ордиро истеъмол кунед", - тавсия додааст олим.
Илова бар ин, бояд истеъмоли машрубот ва кислотаҳои равғании трансро ба қадри имкон кам кард, ки дар сендвичҳо, торт, хӯрокҳои дуддодашуда ва бирён мавҷуданд.