ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Федератсияи Байналмилалии Рӯзноманигорон (IFJ) гузориш медиҳад, ки то соли 2021 дар саросари ҷаҳон дастикам 45 хабарнигор ва кормандони расонаҳои хабарӣ ҳангоми иҷрои вазифа дар 20 кишвари ҷаҳон кушта шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон то кунун 365 хабарнигори дигар то ҳол дар зиндон ба сар мебаранд.
Ба гуфтаи ин федератсия, Афғонистон бо 9 кушташуда дар феҳристи кишварҳое қарор дорад, ки шумораи бештари хабарнигорон кушта шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, Мексика (8), Ҳинд (4) ва Покистон (3) пас аз Афғонистон дар ҷои дуввум ба чаҳорумин кишварҳое ҳастанд, ки теъдоди бештари хабарнигорон кушта шудаанд.
Минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо 20 куштор дар садри феҳристи минтақавӣ қарор дорад ва дар Ховари Миёнаву ва ҷаҳони араб танҳо як нафар. Дар Эрон низ як садамаи маргборе рух дод, ки ҷони ду хабарнигорро рабуд.
Дар соли 2020 дар ҷараёни ҷангу низоъ 65 хабарнигор ва кормандони расонаҳои хабарӣ кушта шуда буданд, ки ба гуфтаи федератсия, теъдоди хабарнигорони кушташуда дар муқоиса бо соли 2020 коҳиш ёфтааст.
Аз шумори умумии рӯзноманигорони зиндонӣ танҳо дар Чин 102 нафар, дар Туркия 34 нафар, Беларус 29 нафар, Эритрея 29 нафар, Ветнам 27 нафар, Мянмор 21 нафар ва боқимонда дар кишварҳои дигаранд.
Аз паси Осиё ва Аврупо бо 162 хабарнигори зиндонӣ ва баъд аз он Аврупо, Ховари Миёна, ҷаҳони араб, Африқо ва ИМА қарор доранд.
Ба гуфтаи федератсия, аксари рӯзноманигорон дар соли 2021 барои фош кардани фасод, ҷиноят ва сӯиистифода аз қудрат дар ҷомеаҳо, шаҳрҳо ва кишварҳои худ кушта шудаанд.
Федератсияи Байналмилалии Рӯзноманигорон аз Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад, ки Конвенсия дар бораи амнияти журналистонро ба хотири пешбурд, дастгирӣ ва таъмини амнияти мутахассисони ВАО дар замони сулҳ ва даргириҳои мусаллаҳона ба тасвиб расонад.