Ҳавсанҷон гуфтанд, рӯзҳои аввали соли нави тоҷикистониён чи гуна хоҳад буд

Сокинони шарқи кишварро дар авоили соли 2022 боришоти шадид, сардиҳои зиёд, аммо дар ҷануби Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои моҳи январ гармии рекордӣ интизор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ҳавосанҷон дамои ҳаво барои панҷ рӯзи оянда дар Тоҷикистонро пешгӯӣ кардаанд.
Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон вобаста ба ҳавои панҷ рӯзи аввали соли нав гуфт, ки тибқи пешгӯиҳо дар натиҷаи ҳаракат кардани сиклонҳо дар водиҳо асосан борон ва дар қисматҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, рузҳои аввали моли 2022 дар водиҳои кишвар ҳаво гарм мешавад, аммо боришоти барфу шамол дар баландкӯҳҳо сардиҳоро дар пай хоҳад дошт.
Аввалин рӯзҳои моҳи январ дар Тоҷикистон ҳаво сард мешавад, бориши барф ва сармои шадид дар ноҳияҳои кӯҳӣ фаро мерасад, хабар медиҳанд ҳавосанҷон.
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Дар Душанбе рӯзҳои 1 ва 2 январ борон ва баъдан барф борида, ҳарорати рӯзона чанд дараҷа паст шуда, тақрибан +6 дараҷа ва шабона то таҳти сифр мерасад. Тамоми ҳафтаи оянда пойтахт сарду сербориш хоҳад буд.
Чунин манзара дар навоҳии тобеи марказ низ дида мешавад. Дар ин қаламрав шамоли сахт ва боришот дар рӯзи шанбеи 1 январ пешгӯӣ мешавад.
Дар Хуҷанд низ ҳавои сард хоҳад омад. Дар саросари вилояти Суғд борон борида, дар баъзе минтақаҳо барфи тар меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф ва фаромадани тарма дар назар аст.
Ҳаво шабона дар водиҳои вилоят ба ҳисоби миёна аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ҷойҳо ҳавошиносон то 7 дараҷасардиро пешбинӣ мекунанд, аммо рӯзона ҳаво гармтар ба 5 то 10 дараҷа хоҳад расид.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши барф тӯли ҳафтаи оянда идома хоҳад кард.
Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ дар Тоҷикистон
Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 2-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона то 21 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 38 дараҷа ва дар минтақаи Булункул то 48—50 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон боридани барф дар назар нест, вале боришоти тӯлонии борон идома хоҳад кард. Ҳарорати моҳи январ дар минтақа рекордӣ шуда, рӯзона +16 дараҷа ва шабона аз +3 то +8 дараҷа гарм мешавад.
Ёдовар мешавем, ки наҷотдиҳандагони кишвар ҳушдор медиҳанд, ки ҳоло дар манотиқи кӯҳистонӣ ва агбаҳои Тоҷикистон хатари фаромадани тарма зиёд аст.
КҲФ-и ҷумҳурӣ аз сокинон хоҳиш мекунад, ки аз сафар дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ куннад ва ё ҳаракати нақлиётро шабона маҳдуд намоянд.