ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар ин рӯзҳо қурби евро андаке боло рафту рубл мавқеашро каме аз даст дод. Аммо қурби доллар, ки аксари молу маҳсулот ба Тоҷикистон бо ин асъори амрикоӣ ворид мегардад дар ҳамон сатҳи худ яъне 11,30 боқи мондааст.
Ба ин тартиб, тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон, сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ бетағйир аст. Ҳоло як доллар ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст.
Ёдовар мешавем, ки пули миллӣ охирин маротиба моҳи августи соли 2021 то ҳадди имкон дар баробари доллар заиф шуда буд. Он замон барои як доллар дар бонкҳои кишвар 11,33 сомонӣ медоданд.
Дар мавриди арзи аврупоӣ бошад, як евро бо қурби БМТ 12.9700 сомонӣ муомила мешавад. Баҳори имсол ин асъор ба болотарин ҳадди нишондодҳояшрасид, ки он замон барои як евро 13,83 сомонӣ медоданд.
Бояд қайд кард, ки ин арзиши евро дирӯз 12.7713сомонӣ муқаррар шуда буд.
Ҳамзамон тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар давоми як рӯз андаке тағйир ёфтааст, ҳоло 1000 рубл 152,4 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 0.153,4 сомонӣ медоданд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.9700 то 12.9700 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1524 то 0.1530 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.