ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаву бебориш мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона -3+2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 25-30 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 31-36 дараҷа хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 48-50 дараҷа хунук) рӯзона 8-13 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд низ, ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона -7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳам ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 2+7 дараҷа мешавад.
Тибқи пешгӯии ҳавосанҷон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст..
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз ду дараҷа сард то ҳафт дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз як дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона аз 0+2 дараҷагарм, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.