ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ҳавзаи марказии ҳарбӣ теъдоди машқҳои анҷомдодаи низомиёни пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар соли 2021-ро эълон кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ҳавза.
"Дар соли 2021 дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон беш аз 300 тамрин барои муқовимат бо терроризм баргузор шуд", — гуфтанд дар ситоди Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Гуфта мешавад, воҳидҳои зиддитеррористии пойгоҳи 201-ум барои рафъи ҳамлаҳои гурӯҳҳои шартии роҳзан ба урдӯгоҳҳои низомии Душанбе ва Бохтар амал мекарданд.
Ҳарбиён дар тамрингоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ усули мудофиаро кор карда, аз забти анборҳои лавозимоти ҷангӣ ва паркҳои техникаи ҳарбӣ ҷилавгирӣ карданд.
Илова бар ин низомиён ҳамчунин дар ҷиҳати ҳифзи иншооти муҳими стратегӣ, озод кардани биноҳои аз ҷониби террористҳои шартӣ тасарруфшуда, ошкор, муҳосира ва безарар гардонидани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар дохили гарнизонҳо супоришҳои махсусро иҷро намуданд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни машқҳо ҳайати шахсии пойгоҳи Русия малакаҳои расонидани ёрии аввалия, муҳандисию радиатсионӣ, ҳифзи кимиёӣ, биологӣ ва безараргардонии маводи таркандаро такмил доданд.
"Барои эҷоди вазъе, ки то ҳадди имкон ба ҳолати ҷангӣ наздиктар шавад, онҳо дар яроқҳо аз тирҳои безарар, зарядҳои тақлидӣ, маводи тарканда ва дуд истифода кардаанд", - илова карданд ситоди марказӣ.
Қаблан маълум шуда буд, ки Русия аллакай дар соли 2022 бо 9 давлати хориҷӣ машқҳои мусаллаҳонаро ба нақша гирифтааст. Ба гуфтаи Олег Салюков, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия, дар соли оянда 10 тамрини муштараки байналмилалӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи Миср, Покистон, Алҷазоир, Лаос, Шри-Ланка, Қирғизистон, Тоҷикистон, Муғулистон ва Ҳинд дар назар аст.
Ёдовар мешавем, пойгоҳи низомии 201, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи Федератсияи Русия дар берун аз марзи он аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.