ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Раҷҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Соли Нав сарвазири собиқи Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси ин вилоят.
Манбаъ меафзояд, раиси вилояти Суғд сарвазири пешинро аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон табрик кард.
Зикр гардид, ки саҳми Оқил Оқилов, ки солҳои зиёд ба ҳайси сарвазири мамлакат кор кардааст, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат назаррас аст.
Роҳбари вилоят ба собиқадори меҳнат туҳфа тақдим кард ва ба ӯ саломатӣ таманно намуд.
Оқил Оқилов кист?
Оқил Оқилов 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1967 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ва соли 1980 Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии ҲКИШ-ро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун устои идораи сохтмонии № 5 трести бинокории Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1969-1976 дар вазифаҳои сармуҳандис, сардори саридораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ленинобод, сардори идораи сохтмони № 9-и трести хонасозии Ленинободи Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.
Соли 1976 ба Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 1993 ба сифати инструктор, муовин, мудири шуъбаи Кумитаи Марказӣ адои вазифа намудааст.
Солҳои 1993-1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилоят фаъолият дошт.
Солҳои 1999-2006 ба сифати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз 1 декабри соли 2006 то 2013 дубора дар мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Хизматҳои Оқил Оқилов бо якчанд мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардида, мавсуф айни замон дар нафақа аст.