Дар Исфара марди маст ҳамшаҳрияшро корд зад

Кордкашӣ дар шаҳри Исфара сурат гирифтааст ва ҳоло кормандони милиса ин ҳодисаро тафтиш мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Кормандони милиса сокини 53-солаи шаҳри Исфараро боздошт карданд.
Бинобар хабари Вазорати умури дохила, номбурда бо ҷурми қасдан расондани зарари ҷисмонӣ гумонбар дониста мешавад.
Гуфта мешавад, боздоштшуда дар ҳолати мастӣ ба ин кор даст задааст.

"Дар ҳолати мастӣ бо ҳамшаҳрии 45-солаи худ ҷангу ҷангол намуда, бо корд ду маротиба ба шикамаш задааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ҷабрдида ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати дастгиршуда бо моддаи 110, қисми 1, Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Қаблан як марди 71-сола барои содир кардани ҷинояти авбошӣ дар Душанбе боздошт шуда буд.
Боздошти марди 71-сола барои корд задани як сокини ҷавони пойтахт
Ӯ низ дар ҳолати мастӣ бо ҷавони 29-сола ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро латукӯб намуда буд.
Бояд гуфт, қаблан генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт гуфта буд, ки тайи ним сол кормандонаш дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1975 мавриди ҷиноятро сабт кардаанд.
Номбурда зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди зертобеаш гуфтааст, сатҳи ҷинояткорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% коҳиш ёфтааст.