Ба куҷою чӣ тавр? Тартиби пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ аз сӯи хориҷиҳо дар Русия

Русия муқаррар кард, ки чӣ гуна ва ба куҷо бояд шаҳрвандони хориҷӣ санадҳо дар бораи гузаштан аз ташхиси тиббиро пешниҳод намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия тартиби пешниҳоди маълумотномаҳои тиббӣ аз ҷониби муҳоҷиронро тасдиқ кардааст, хабар дод ТАСС.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд, хулосаҳои ташхиси тиббиро ба идораҳои муҳоҷират дар минтақаи ҳузури худ дар шакли коғазӣ ва ё дар шакли электронӣ тариқи пойгоҳи хадамоти давлатӣ пешниҳод намоянд.
Таъкид шудааст, ки тартиботи мазкур ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ рабт дорад, ки ба муҳлати беш аз 90 рӯз ба Русия меоянд, ё ки ҳадафи кор дар қаламрави кишварро доранд.
Мизони пардохти ҳармоҳаи муҳоҷирон бар асоси патент дар Русия барои соли 2022
Инчунин бояд санадҳои тасдиқи шахсият пешниҳод гарданду ба маълумотҳои сабтгардида ба хулосаи ташхиси тиббӣ мутобиқ бошанд. Дар сурати номутобиқатӣ ҳуҷҷатҳо қабул намешаванд.
Маълумотномаҳое, ки бо забони хориҷӣ таҳия шудаанд, зарур аст, ба забони русӣ тарҷума шаванду тариқи нотариалӣ тасдиқ гарданд. Мақомоти умури муҳоҷират нусхаи санадҳоро гирифта, аслаш ба соҳибон бармегардонанд. Тамоми додаҳо дар мавриди ташхиси тиббӣ давоми се рӯз ба пойгоҳи Вазорати умури дохилӣ ворид мегарданд.
Бар асоси қоидаҳои ҷадиди ҳузури хориҷиён дар Русия, ки аз 29 декабр мавриди амал қарор гирифтанд, хориҷиён бояд аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Санҷида мешавад, ки оё дар бадани шаҳрванди хориҷӣ ягон осори маводи мухаддир ё психотропӣ, бемориҳои сироятии хатарнок барои атрофиён набошанд. Тартиби гузаштан аз ташхиси тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия тасдиқ гардидаст.