ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки рӯзҳои наздик дар аксари ноҳияҳои кӯҳӣ 10-15 ва дар баъзе ҷойҳо ҳаво то 17 -22 дараҷа сард мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар баъзе ноҳияҳои ВМКБ 25-38 ва дар минтақаи Булункул то 48-50 дараҷа сард шудани ҳаво дар назар аст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, тавсия додааст, ки ҳангоми гарм кардани хона қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд.
Ҳамчунин кумита тавсия додааст, ки дару тирезаҳои хонаро сахт маҳкам кунанд, то гармӣ аз хона берун нашавад.
Илова бар ин, КҲФ аз хавфи тармафароӣ дар роҳҳои назди кӯҳӣ ҳушдор дод.
Дар робита ба ин, ба ронандагон тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд, аз ҳар гуна сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.