Аз сирк то театр: Дар Душанбе тӯли як моҳ барномаи солинавӣ баргузор мешавад

Дар Душанбе аз 30 декабр то 23 январи соли 2022 барномаҳои солинавӣ барои кӯдакон баргузор мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Сирк ва театрҳои давлатӣ наздики як моҳ барои сокинон, минҷумла кӯдакони пойтахт барномаҳои солинавӣ баргузор мекунанд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷадвали баргузории ин барномаҳоро дар сомонаи худ мунташир кардааст.
Ҳамин тариқ манбаъ зикр намудааст, ки аз 30 декабр то 23 январи соли 2022 дар Сирки давлатии Тоҷикистон бо иштироки ҳунармандони ИДМ ва ҳунарманди Тоҷикистон Вафо Иззатуллоев барномаи фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегардад.
Гузашта аз ин театрҳои давлатии кишвар бо фарорасии Соли Нави мелодӣ намоишномаҳои идона, инчунин намоишҳои кӯдаконаеро рӯи саҳна меоранд.
Маълум шуд, тоҷикистониён дар Соли Нав чанд рӯз истироҳат мекунанд
Дар ин зимн Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши "Пайкори миллат"-ро ба саҳна гузоштааст. Ҳамчунин то 31 январ барномаи солинавӣ барои хурдсолон ва наврасон ба саҳна гузошта мешавад.
Театри давлатии лӯхтак нахустнамоиши солинавии "Туҳфаи палангҳои солинавӣ"-ро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаши кӯдакон ва наврасон мегардонанд. Дар намоиши мазкур кӯдакону наврасон имкон доранд, бо Бобои барфӣ, палангҳои хандаовар ва дигар қаҳрамонҳои афсонавӣ вохӯранд. Театр нақша дорад, ки дар таътили зимистона низ намоишҳои ҷолиб ба саҳна гузорад.
Ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ имсол барномаи солинавӣ барои хурдсолон, операи "Хусрав ва Ширин" ва дигар намоишҳои театриро манзури кӯдакону наврасон мегардонанд.