Зодрӯзи Муқаддасхон Шайдуллоев: 30 декабр дар таърих

Сиюми декабр дар Мадагаскар Рӯзи ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ ташкил гардида, то 26 декабри соли 1991 фаъолият кард
Sputnik

Рӯзи 30 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1918 Ҳизби коммунистии Олмон таъсис ёфт.
Соли 1927 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин маротиба дар ҷаҳон тарзи коркард ва гирифтани каучук амалӣ гардид.
Соли 1946 Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба энергияи атомӣ пешниҳоди ИМА-ро оид ба нақшаи назорат аз болои ин соҳа ба тасвиб расонид.
Зодрӯзи Аҳмадзода: 29 декабр дар таърих
Соли 1949 Фаронса истиқлолияти Ветнамро эътироф кард.
Соли 1953 дар ИМА аввалин телевизори ранга ба фурӯш бароварда шуд.
Соли 1964 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд тасдиқ карда шуд.

Рӯзи 30 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 1922 Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ ташкил гардида, то 26 декабри соли 1991 фаъолият кард.
Соли 2008 ҳафтаномаи "Курьер Таджикистана" натиҷаи назарсанҷӣ миёни роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро ба нашр расонид. Дар он сиёсатмадори беҳтарини соли 2008 дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номида шуд.
Таъсиси Филармонияи давлатии Тоҷикистон: 28 декабр дар таърих
Соли 2010 хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки донишҷӯёни ин вилоят гирандаи стипендияи ба номи Д.И.Менделеев гардиданд, ки ташкилкунандаи он Фонди рушди "Институти тадқиқоти Авруосиёӣ" дар Русия мебошад.
Соли 2013 дар Тоҷикистон Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 декабр

Дар Мадагаскар – Рӯзи ҷумҳурӣ.

Рӯзи 30 декабр кӣ ба дунё омадааст?

Сарвар Азимӣ (1965) - нависанда;
Саломон Баркаган (1890 – 1968) – доктори илми тиб, профессор;
Николай Ершов (1904 – 1981) – этнограф, луғатшинос, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;
Ҳасан Каримов (1946) – доктори илмҳои физикаю математика;
Ҳайдаршо Пирумшоев (1944) – доктори илми таърих, профессор;
Саид Раҳабов (1926) - доктори илми ҳуқуқ;
Абдукарим Холиқов (1947 – 2000) – доктори илми техникӣ, профессор;
Иқболшо Хушвахтов (1932 – 2000) – иқтисодшинос, профессор;
Муқаддасхон Шайдуллоев (1951) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Шарифов (1951) - нависандаи таърихнигор;
Муртазо Зайниддинов (1958) - номзади илмҳои филологӣ, адабиётшинос.