ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносӣ.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона -1+6 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 26-31 дараҷа хунук, рӯзона 12-17 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд низ, ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, аммо тибқи иттилои манбаъ дар баъзе ноҳияҳо дар ин рӯз туман мефарояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона -3+8 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона -3 то 2 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳам ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -5+10 дараҷа, рӯзона -1+6 дараҷа мешавад.
Тибқи пешгӯии ҳавосанҷон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз ду дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона аз 4 то 6 дараҷа хунук, рӯзона аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.