Садамаи маргбор дар Душанбе: ҳалокати ронанда ва бистарӣ шудани пиёдагард

Дар пайи садамаи мудҳиши нақлиётӣ ронанда ҷон бохту пиёдагард бистарӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ хабар медиҳад.
Тибқи гузориши мақомоти қудратии Тоҷикистон, ин ҳодисаи мудҳиш бегоҳи 28-уми декабр рух додааст.
Гуфта мешавад, ронандаи худрави тамғаи “Опел-Астра”, сокини 28-солаи шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба деворчаи канори чапи роҳ бархӯрдааст.
Садамаи маргбор дар Бартанг: Ронанда ба дарё сарозер шуд
Дар ҳамин ҳол зимни бархӯрд ронанда пиёдагард, сокини 19-солаи ноҳияи Варзобро пахш намудааст.

"Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнин бардошта, худи ронанда дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки таҳқиқ дар ин замина идома дорад.
Мошин ба дара парид: садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хуҷанд