Дар Русия барои муҳоҷирон қоидаи нав ҷорӣ шуд

Қонуни нав ба муҳоҷироне дахл дорад, ки қасд доранд, дар Русия кор кунанд ё муддати тӯлонӣ дар ин кишвар бимонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Хориҷиёне, ки беш аз 90 рӯз дар Русия мемонанд, бояд изи ангушт супоранд ва аксбардорӣ шаванд. Ин тағйирот аз 29 декабр ҳукми қонунӣ пайдо мекунад.
Ин расмиётро муҳоҷироне, ки мехоҳанд ба муддати тӯлонӣ дар Русия бимонанд, бояд дар давоми се моҳ анҷом диҳанд. Ҳамчунин муҳоҷироне, ки ба хотири кор ба Русия мераванд, ин амри қонунро дар давоми 30 рӯз бояд иҷро кунанд.
Гуфта мешавад, гирифтани изи ангушт ва аксбардорӣ як бор сурат мегирад. Барои анҷом додани ин кор муҳоҷиронро лозим аст, ба мақомоти минтақаии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.
Пас аз ин хориҷиён ҳуҷҷат, аз ҷумла корти электроние мегиранд, ки тамоми маълумот дар бораи ӯ дар он корт ҷосозӣ шудааст.
Путин ба муҳоҷирон роҳи роҳат будан дар Русияро нишон дод
Ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷие, ки қасд доранд, дар Русия беш аз се моҳ иқомат кунанд, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, бояд аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Аз ҷумла сиҳат будани онҳо аз маризии ВНМО бояд дар муассисаҳои тиббии қаламрави Русия санҷида шавад.
Пас аз супоридани санҷишҳо ба муҳоҷирон шаҳодатнома дода мешавад, ки эътибораш як сол аст.
Ба гуфтаи Вазорати умури дохилии Русия, чунин тадбирҳо вазъи санитарию эпидемиологиро беҳтар мекунанд ва сатҳи ҷинояткорӣ дар кишварро коҳиш медиҳад.