ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Евгений Винокуров, коршиноси Бонки Авруосиёии Рушд ва Бунёди Авруосиёии суботу рушд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қурби сомонӣ нисбат ба доллар дар соли 2022-ро пешбинӣ кард.
Ба гуфтаи вай, фазои таҳкими арзҳои миллиро сиёсати пулии Амрико маҳдуд месозад.
"Tapering" (харидории дороиҳои бузург ё як сиёсати пулии номутаъориф дар Иёлоти Муттаҳида) ҳам ба қурби пулҳои миллӣ кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Дар сурати боло бурдани меъёри бозтамвил аз тарафи низоми захиравии федералӣ (ФРС)-и Амрико таъсири он назаррас хоҳад буд. Иқтисодчӣ қайд кард, ки оқибатҳои "tapering"-ро дар соли 2022 нархи қобили қабули сӯзишворӣ метавонад ба эътидол биёрад.
Винокуров гуфт, "дар мавриди сомонӣ мо интизор дорем, ки қурби миёнаи он нисбат ба доллар дар соли 2022 дар сатҳи 11,2 қарор хоҳад гирифт".
Дар ҳамин ҳол қурби сомонӣ дар ҳафтаи гузашта дар баробари доллар, рубл ва евро устувор боқӣ монд.
Ҳоло як доллар дар бозори арзи Тоҷикистон 11,30 сомонӣ аст, дар ҳоле ки тобистон бонкҳои кишвар як долларро 11,33 сомонӣ мехариданд.
Дар навбати худ Андрей Маслов, таҳлилгари ширкати ФГ “Финам” бар ин назар аст, ки тамоми пулҳои миллии кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ҳамчун дороиҳои хавнок ба ҳисоб мераванд.
Дар замони буҳронҳои ҷаҳонӣ ва коҳиши хавф барои сармоягузорон ин гуна арзҳо арзиши худро аз даст медиҳанд.