Муҳоҷирони бепатент ихроҷ мешаванду корфармоён ҷаримаи ҳангуфт

Муҳлати имтиёзҳои муваққат ирокардаи Владимир Путин барои муҳоҷирон ба анҷом мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар Русия аз якуми январ шаҳрвандони хориҷӣ на танҳо барои фаъолияти кории ғайриқонунӣ ҷарима, балки эҳтимол аз ин кишвар ихроҷ низ шаванд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.
Вазорат афзуд, муҳлати имтиёзҳои муваққатӣ барои муҳоҷирони корӣ, ки аз ҷониби президент Владимир Путин ироа шуда буд, 31 декабри соли 2021 ба охир мерасад.
ВКД ба хориҷиёне, ки бидуни ҳуҷҷат кор кунанд, тавсия додааст, фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд. Илова бар ин корфармоён бояд муносибатҳои кориро бо шаҳрвандони хориҷӣ ба расмият дароварда, дар ин бора мақомоти минтақаии Вазорати корҳои дохилиро дар давоми се рӯз огоҳ созанд.

"Аз 1 январи соли 2022 барои иштиғоли ғайриқонунии коргарони муҳоҷир ба ғайр аз ҷарима ҳамчунин ихроҷ аз Русия ва мамнуияти вуруд ба ин кишвар низ роҳандозӣ мешавад. Илова бар ин корфармоён барои қабули муҳоҷирони бидуни ҳуҷҷат то 800 ҳазор рубл ҷарима хоҳанд шуд", - омадааст дар хабари вазорат.

Аз моҳи марти соли 2020 беш аз ҳафт миллион хориҷӣ иҷозатнома гирифтааст, аз ҷумла 1,5 миллион нафар будубоши худро дар Русия қонунӣ кардааст.
Дар Русия барои муҳоҷирон қоидаи нав ҷорӣ шуд
Моҳи декабр Вазорати корҳои дохилӣ эълон кард, ки Русия аз охири моҳи декабр ба муҳоҷирон патентҳои нав медиҳад. Дар патенти нав тамоми маълумоти зарурӣ дар бораи соҳиби он ҷо дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол коршиносон бар ин назаранд, ки ба далели тағйирот дар қонунгузории Русия ва вазъи иқтисодии кишварҳои ИДМ мумкин аст, дар соли 2022 ҳиҷрати коргарон аз кишварҳои дигар ба Русия афзоиш ёбад.