Ҳавои ду рӯзи охири соли 2021 дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд? посухи ҳавошинос

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯии дақиқ барои ду рӯзи охири соли 2021-ро дар кишвар нашр намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ҳавои ду рӯзи охири соли 2021 дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбанда буда, асосан бебориш хоҳад шуд, хабар додааст Ҷамила Байдуллоева, муовини мудири обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар мавриди шаҳри Душанбе ҳавошиносн изҳор дошт, ки ду рӯзи охир дар пойтахт ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Аз ҷумла шабона 1-3 дараҷа хунук, рӯзона 7-10 дараҷа гарм мешавад, хабар додаст "Ховар" аз қавли Байдуллоева.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Хатлон ду рӯзи охири моҳи декабр ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 9-5 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад. Инчунин дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, эҳтимоли фаромадани тумани тунук дар назар аст.
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Манбаъ афзуд, ки дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ ё худ туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳӣ рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Давоми ду рӯзи охири соли равон дар қисматҳои кӯҳии вилояти Суғд шабона то 10-16 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук пешгӯӣ мегардад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, изҳор медоранд ҳавошиносон. Дар ғарби вилояти шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар қисмати шарқи вилоят шабона 33-38 дараҷа хунук, рӯзона 13-18 дараҷа хунукӣ фарогир хоҳад шуд.