Туҳфаи табиат: тоҷикистониёнро дар охирин рӯзҳои сол чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Гармии рекордӣ дар ҷануби ҷумҳурӣ бо вазиши бод дар шимол ва сардиҳои анъанавӣ дар шарқи кишвар мутазод аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳафтаи равон ҳавои Тоҷикистон сокинони қариб тамоми манотиқи кишварро ба ҳайрат меорад, хабар медиҳад Оҷонси ҳавосанҷии кишвар.
Дар шаҳри Душанбе то 31 декабр ҳаво гарму офтобӣ, гоҳе нимаабрист ва бидуни боришоти зиёд пешбинӣ мешавад. Ҳаво шабона то 6 дараҷа сард ва рӯзона дар аввали ҳафта 8 дараҷа гарм ва рӯзи ҷумъаи 31 декабр бошад, то 14 дараҷа гарм мешавад.
Аммо сар аз рӯзҳои 1 ва 2 январ дар пойтахт аввал борон меборад ва баъдан барф меборад ва ҳарорати рӯзона чанд дараҷа поин хоҳад рафт.
Сокинони навоҳии тобеи ҷумҳуриро низ ҳамин гуна ҳаво интизор аст, дар давоми ҳафта гоҳ-гоҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ туман мефарояд.
Ҳаво дар вилояти Суғд, қисмати шимолии кишвар комилан дигар мешавад. Дар ин минтақа тамоми ҳафта асосан шамол мевазад, вазиши он то 20 метр дар як сония мерасад. Аммо то охири ҳафта боришот дар назар нест.
Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ дар Тоҷикистон
Ҳаво дар Хуҷанд ва водиҳо ва куҳҳо шабона то 2 дараҷа хунук, рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши барф аз 31 декабр оғоз шуда, чанд рӯз то ҳафтаи оянда идома хоҳад кард.
Ҳаво дар ғарб шабона 2-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-8 дараҷа гарм мешавад. Аммо дар шарқи ВАБК шабона то 21 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 29 дараҷа ва рӯзона 9-16 дараҷа сард мешавад.
Дар ҷануби кишвар, вилояти Хатлон, то фарорасии соли нави милодӣ ҳарорати ҳаво то 16 дараҷа гам мешавад. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе борон меборад ва рӯзона тақрибан то се дараҷа гам мешавад. Шабона бошад, аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад.