Чижов: Русия барои табодули таҷрибааш дар бахши муҳоҷират бо ИА омодааст

Русия изҳор доштааст, ки омодааст, бо Иттиҳоди Аврупо дар масоили муҳоҷират табодули таҷриба кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Русия таҷрибаи бузург дар умури муҳоҷират дорад, изҳор дошт Владимир Чижов, намояндаи доимии ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо.
"Дар бахши муҳоҷират мо омодаи музокирот бо Иттиҳоди Аврупо мебошем", - гуфт ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар хабаргузории байналмилалии "Россия сегодня".
Ӯ Русияро кишвари нодир арзёбӣ кардааст, ки ҳам таҷрибаи фиристодан, транзит ва пазируфтани муҳоҷиронро дорад.
Муҳоҷирони қонуншиканро дар Русия аз соли нав ҷаримаҳои сангин интизор аст
"Тавре медонед, дар қаламрави кишвари мо муҳоҷирони зиёде кору иқомат доранд ва на танҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ мебошанд. Дар муносибат бо онҳо мо таҷриба дорем", - овардааст РИА "Новости" аз қавли намояндаи доимии Русия дар Иттиҳоди Аврупо.
Владимир Чижов изҳор доштааст, ки аз бисёр ҷиҳат таҷрибаи муносибот бо муҳоҷирон дар Русия дар қиёс бо Иттиҳоди Аврупо муваффақтар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар барои таъмини зиндагияшон роҳи муҳоҷират ба Русияро пеш мегиранд. Феълан теъдоди муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия ҳудуди як миллион нафар арзёбӣ мегардад.