Муҳоҷирони қонуншиканро дар Русия аз соли нав ҷаримаҳои сангин интизор аст

Аз оғози соли нав муҳоҷирон дар Русия барои фаъолияти ғайриқонунӣ аз ин кишвар ихроҷ ва корфармоёнашон ҷаримаи сангин хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷиро метавонанд аз якуми январ барои фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ аз Русия ихроҷ кунанд, хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Русия.

"Барои шуғли ғайриқонунӣ бар иловаи ҷарима ба маблағи то панҷ ҳазор рубл мумкин аст, нисбат ба хориҷиён чораҳои марбут ба ихроҷ аз Русия ва манъи вуруди бозгашт низ андешида шавад", - гуфтанд дар Вазорати умури дохилӣ.

Аммо ин муҷозоти сангин барои нақзи қонун на танҳо ба шаҳрвандони хориҷие, ки ҳангоми кори ғайриқонунӣ шиносоӣ мешаванд, балки ба корфармоёни онҳо низ дахл хоҳад дошт.
Онҳо барои ба кор қабул кардани чунин кормандон ҷаримаи ҳангуфте хоҳанд дод.
Корфармоён барои ҳар як нафар то 800 ҳазор рубл ҷарима хоҳанд шуд.
Агар дар ҷои кор муҳоҷирон бештар бошанд, он гоҳ мизони ҷарима ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳад рафт.
Путин ба муҳоҷирон роҳи роҳат будан дар Русияро нишон дод
Ёдовар мешавем, ки 31 декабри соли 2021 дар Федератсияи Русия давраи мораторийи ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба охир мерасад.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, аз соли 2020 беш аз 7 миллион нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ барои будубош дар Федератсияи Русия иҷозат гирифтаанд, ки аз он ҷумла 1,5 миллион нафари онҳо дар ин кишвар қарор доранд.
Раёсат ба таври қатъӣ ба ҳамаи хориҷиёне, ки ҳуҷҷати кор надоранд, тавсия медиҳад, то охири соли ҷорӣ фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.
Корфармоёнро зарур аст, ки муносибатҳои меҳнатиро бо шаҳрвандони хориҷӣ ба расмият дароварда, дар ин хусус ба мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар давоми се рӯз хабар диҳанд.