Кохи Сафед рӯзи музокироти Русия ва НАТО-ро гуфт

Кохи Сафед таърихи рӯзи мулоқоту музокироти Шӯрои Русия ва НАТО-ро таъйид намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Музокироти Русия ва НАТО 12 январ дар назар аст, хабар додааст "Рейтер" бо такя ба намояндаи Кохи Сафед.
Қаблан ин рӯзро дабири кулли эътилоф Йенс Столенберг низ ном бурда буд. Ноиби вазири умури хориҷии Русия Александр Грушко дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор доштааст, ки мавзуи марказии гуфтушунид пешниҳодҳои Русия дар мавриди кафолати амният, аз ҷумла васеъ нашудани НАТО ба Шарқ мебошад.
Пешгӯии Думаи давлатӣ: Украина моҳи феврал ба Русия ҳамла мекунад
Ба иттилои AFP, 10 январ Маскав ва Вашингтон дар мавриди назорати аслиҳа ва вазъ дар Украина музокирот баргузор менамоянд. Рӯзи 13-уми январ мулоқоти намояндагони Русия ва САҲА дар назар аст, ки ИМА низ ба он ворид мебошад.
Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд.
Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амният дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ мешуданд.