Тақсими "Барқи тоҷик" ба се ширкати алоҳида ва афзоиши пул: Вазир се дастоварди солро гуфт

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон се дастоварди асосии соҳа дар соли равонро ном бурд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Таъсиси се корхонаи самти алоҳидаи фаъолият, ки ба истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ машғуланд, аз дастовардҳои муҳими соҳаи энергетика дар соли равон мебошанд.
Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият" изҳор доштааст. Маврид ба зикр аст, ки қаблан ширкати "Барқи тоҷик" тамоми самтҳои фаъолият, аз истеҳсол, интиқол ва фурӯшро фаро мегирифт.
Ба гуфтаи вазир, дастоварди муҳими дуюм густариши низоми биллингӣ мебошад. Ӯ афзуд, ки барои таъмини шаффофият ҳисобкунакҳои муосири ҳушмандро насб мекунанд.
Қарордод имзо шуд: Тоҷикистон як соли дигар ба Афғонистон барқ мефурӯшад
"Ин таҷриба дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуда, дар натиҷа талафоти техникӣ дар шабакаҳои барқии шаҳр ба 7,4 дарсад расонда шуд, ки ин ба меъёри байналмилалӣ наздик мебошад", - таъкид намудаст вазири энергетика.
Ба гуфтаи Далер Ҷумъа дар ноҳияи Сино низ насби 125 ҳазор ҳисобкунаки ҳушманд дар назар буда, бо дастгирии созмонҳои молиявии байналмилалӣ чунин лоиҳаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара низ амалӣ мешаванд. Дар маҷмуъ насби зиёда аз 450 ҳазор ҳисобкунак дар назар аст.
Дастоварди сеюм афзоиши гардиши пул арзёбӣ шудааст, ки ба иттилои Далер Ҷумъа дар низоми энергетикии кишвар дар ёздаҳ моҳ то 13 дарсад афзудааст.