ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш гуфт, ки ҳамагирии COVID-19 барои инсоният охирин нест, бояд ба оянда омода шуд. Ин паём дар саҳифаи Twitter-и ӯ нашр шудааст.
Гутерриш ҳамчунин аз Рӯзи байналмилалии омодагии зидди эпидемия, ки 27 декабр таҷлил мешавад, ёдовар шуд.
"Ҳамагирии COVID-19 охирин нест, ки башарият дучор хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки мо бо ин буҳрон дар соҳаи тандурустӣ мубориза мебарем, бояд ба буҳрони оянда омода шавем. Дар Рӯзи байналмилалии омодагӣ, биёед ба ин масъала таваҷҷуҳ кунем ва сармоягузориро, ки ин соа талаб мекунад ҷудо кунем", — навиштааст котиби генералии СММ.
Созмони Ҷаҳонии беҳдошт 11 марти соли 2020 сирояти нави коронавирусро пандемия эълон кард.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс (ИМА), то 26 декабри соли 2021 дар ҷаҳон беш аз 279 миллион ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 5,3 миллион нафар фавтидаанд.
Вазъияти душвортарин дар ИМА, Ҳиндустон, Бразилия ва Бритониёи Кабир аст.
Русия дар ин феҳрист дар ҷои панҷум қарор дорад.