Сардиву барфу борони шадид: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳавои абрноку тағйирёбанда ва бориши борону барф пешгӯӣ карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносӣ.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона -1+4 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 24-29 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 11-16 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд бошад, ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа мешавад.
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок буда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3 дараҷа, рӯзона -2+3 дараҷа мешавад.
Тибқи пешгӯии ҳавсанҷон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо барфи суст ба амал омада, рӯзона ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук, рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.