Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони ИДМ ба Санкт-Петербург рафт

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар мақомоти расмии кишвар ба нишасти ғайрирасмии ИДМ, ки бо ибтикори раисиҷумҳури Русия даъват шудааст, парвоз карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои дидор бо раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Санкт-Петербург рафт, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Дар пойтахти шимолӣ бо ибтикори президенти Русия Владимир Путин ҷаласаи анъанавии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки раисиҷумҳури Русия бо раҳбарони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон низ дидору гуфтугӯҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
Рӯзи нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ дар Русия эълон шуд
Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Раҳмонро вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ёвари раисиҷумҳур дар умури сиёсати хориҷӣ, вазири дифоъ ва бисёре аз мақомоти дигари давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамчунин, дар нишасти ғайрирасмии моҳи декабр дар Санкт-Петербург руасои ҷумҳури Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард.
Илова бар ин, ба нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев даъват шуда буд.