ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба кишвар суҳбат кард.
Маскав дар пайи ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон барои таҳкими марзҳои кишвари ҳампаймонаш дар минтақа як чунин иқдом хоҳад кард.
Путин таъкид кард, ки пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти минтақа аст.
"Ман медонам, ки шумо низ бо низомиёни мо пайваста дар тамос ҳастед, вазъро назорат мекунед, ба низомиёни мо дар он ҷо кумак мекунед, то онҳо дар шароити муқаррарӣ зиндагӣ кунанд", - гуфт президенти Русия.