ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар охири моҳи феврал аз Тоҷикистон дидан мекунад. Ӯ дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар ҷаласаи тирамоҳии палатаи болоӣ хабар дод.
"Агар нақшаҳо тағир наёбанд, дар охири моҳи феврал ният дорам, ба Тоҷикистон равам. Мо дар он ҷо як форуми ҳамкориҳои байниминтақавӣ баргузор мекунем", - гуфт Матвиенко.
Раиси Шӯрои Федератсия таъкид кард, ки моҳи март 30-юмин солгарди таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонӣ таҷлил мешавад.
"Қазоқистон ҳамчун кишвари муассиси ПАА аз Шӯрои АИА даъват кард, ки ҷаласа баргузор кунад, мо онро бо хушнудӣ қабул кардем", - гуфт Матвиенко.
Тирамоҳ сенаторҳо ният доранд, ки ба Ӯзбакистон сафар кунанд. Дар он ҷо Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо маҷлиси машваратӣ ва конференсияи байналхалқӣ мегузаронанд.
Ба гуфтаи Матвиенко, кишварҳо ҳоло ба форуми Осиёи Марказӣ ва Русия омода мешаванд. Чорабинӣ дар нимаи аввали соли 2022 дар Туркманистон баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Матвиенко моҳи ноябри соли 2021 ба Тоҷикистон сафар карданӣ буд, аммо ба далели ноустувори вазъи эпидемиологӣ ин сафарро лағв кард.