Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари тармафароӣ дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон то 29 декабр эҳтимоли фаромадани тарма хабар дода мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар минтақаҳои кӯҳӣ бинобар боришоти зиёди барф эҳтимоли тармафароӣ вуҷуд дорад. Дар ин зимн кумита ба минтақаҳои кӯҳии ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ ишора намудааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин кумита аз тамоми сокинону меҳмонон даъват намудааст, ки бидуни зарурат ба минтақаҳои хавфнок сафар накунанд.
Ҳушдори IRS аз шиддати барфрезӣ дар масири Душанбе - Чаноқ
Манбаъ зикр намудааст, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ё дар қитъаҳои зери тарма қарордошта бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Ин ниҳод аз оғози сардиҳо ва барфборӣ низ аз сокинону ронандагон хоста буд, дар фасли сармо ҳамеша аз эҳтиёт кор гиранд ва худравҳояшонро пурра барои зимистон омода карда, баъдан ба сафар бароянд.